Иқдоми байналмиллалии Рузи Умумуҷаҳонии Пасандоз (World Savings Day)


ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” баргузории ҳамасолаи иқдоми байналмиллалии Рузи Умумуҷаҳонии Пасандоз (World Savings Day), ки дар тамоми дунё гузаронида мешавад, ва аз тарафаи Бонки миллии Тоҷикистон дастгирӣ карда мешавад, иқдоми беҳтарин баҳри мукаммал намудани савияи дониши молиявии наврасону ҷавонон мешуморад. Дар Бонк дар ин самт корҳои муайян ба сомон расонида шуда, аз ҷумла чорабинӣ бо мақсади боз ҳам мукаммал ва васеътар намудани савияи дониши молиявии наврасону ҷавонон бо мактаббачагони мактаби таҳсилоти миёнаи № 20-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дарси омӯзишӣ бо иштироки Назархудоева М.Д.- сардори шуъбаи ҷалби амонат ва сармояи Идораи хазинадории бонк гузаронида шуд.


Қайд кардан бамаврид аст, ки ин вохӯрӣ хеле самарабахш гузаронида шуда, дар раванди баргузории ин чорабинӣ мактаббачагон хеле фаъол буда, ташаббусҳои зиёд нишон доданд.


Баргузори ин чорабинӣ бори дигар собит намуд, ки ҷавонону наврасон, ҳамчун нерӯи созандаи ҷомеа, ба мавзӯъ ва масъалаҳои иқтисодиву молиявӣ таваҷҷӯҳи хоса доранд. 


Роҳбарияти Бонк ин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, оянда низ баҳри тақвияти дониши наврасону ҷавонон саҳми худро дар фарогирии васеи он мегузорад.