Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”

ИҚТИБОС АЗ ПРОТОКОЛИ № 07

маҷлиси Шӯрои нозирони ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон»

 

04-уми майи соли 2021                                                    ш. Душанбе

 

Бо назардошти талаботи қонунгузории ҷории бонкӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”

 

Қ  А  Р  О  Р    К  А  Р  Д:

 

1.     Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар таърихи 26-уми июни соли 2021, соати 1000 дар маҷлисгоҳи Меҳмонхонаи “Тоҷикистон” бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур, 22 (толори маҷлисҳо) даъват карда шавад.

2.     Ба рӯзномаи  Маҷлиси  умумии  солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

 

1.             Оид ба тасдиқи узви нави Комиссияи баҳисобгирии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.

2.             Ҳисоботи Раёсати ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2020».

3.             Тасдиқи ҳисоботи ташкилоти аудиторӣ доир ба натиҷаи санҷиши ҳисоботҳои молиявии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2020.

4.             Тасдиқи тавозун ва ҳисоботи даромаду зарарҳои ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2020.

5.             Тақсимоти фоидаи софи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2020.

6.             Тасдиқи ташкилоти аудиторӣ ва андозаи ҳаққи хизмати он барои гузаронидани санҷиши ҳисоботи молиявии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2021.

7.             Зиёд намудани сармояи оинномавии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ.

8.             Дигар масъалаҳо.