Пятка фотка Четвертая фотка Третья фотка Вторая фотка Первая фотка

Хабарҳо

Филиалҳо

Бонки Рушди Тоҷикистон дорои 9 филиал дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки тайфи клосики хадамоти бонкиро ироа мекунанд.(…)

Ҷустуҷӯ

Сафҳаи асосӣ

Самти асосии рушд

Рушду такомули ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” аз мавқеи нави он дар бозори хизматрасони бонкӣ муайян  ва баҳогузорӣ шудааст. Ин муассисаи бонуфузи молиявӣ аз моҳи ноябри соли 2011 инҷониб, ба сифати бонки фаръии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” фаъолияти худро дар сатҳи хуб ва сифати баланд роҳандозӣ намудааст.  

Самти асосӣ ва афзалиятноки  фаъолияти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар ҷодаи рушд рақобатпазир будан дар шароити мавҷудияти  рақобати шадид миёни муассисаҳои молиявӣ, васеъ намудани шабакаи филиалҳо,  таъмини рушд дар заминаи ифтитоҳи Марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар  ноҳияҳои дурдаст,  пешсаф будан дар бахши интишор ва истифодаи густурдаи кортҳои пардохтӣ, афзун намудани сармоя ва дороии бонк, ташкили  сандуқи қарзии босифат ва идорашаванда, сазовор шудан ба боварии муштариён  ва зиёд намудани пасандозҳо ба шумор меравад.



Вазифаҳои афзалиятноки бонк

  •  Афзун намудани  дороиҳо ва сармоя, ба кулли тағйир додани муносибат вобаста ба   пешниҳоди маҳсулоти нави бонкї ва хизматрасониҳо, инчунин васеъ намудани муносибатҳои мутақобилан судманд бо  муассисањои байналмиллалии молиявӣ бо мақсади ҷалби сармояи берунӣ.
  • Рушди минбаъдаи одоби муоширати кормандон, дараҷаи баланди касбияти кормандон ва фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани дараҷаи касбияти онҳо – дар пойгоҳи  маркази таълимии Cарбонк, омода сохтани кормандони  дорои касбияти баланд дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти бонкдорӣ.
  • Таваҷҷуҳ ба пешниҳоди қарз ба соҳаҳои  воқеии иқтисод ва додани афзалият дар  пешниҳоди қарзҳои хурд (то 70 фоизи сандуқи қарзӣ) мадди назар хоњад буд.
  • Беҳтар намудани сифати хизматрасонии  муштариён ва ба онҳо пешниҳод намудани намудҳои гуногуни маҳсулотҳои нав ва хизматрасонии Бонк.
  • Кушодани самтҳои нави тиҷорат: интернет- банкинг, кортҳои  пардохтии бонкӣ. Хизматрасониҳои суғурта.




Вазифаи Бонк

Вазифаи Бонк-соњиб шудан ба маќому манзалати хоса ва боз баландтар дар низоми бонкии кишвар мањсуб меёбад.

Дар ин росто, муштариён, талаботи онҳо, муваффақияти молиявии онҳо ва љомаи амал пўшонидан ба  тасмиму ният, мақсад ва орзуи онҳо асоси фаъолияти Бонк ба шумор меравад.

Сатњи баланди муошират ва фарњанги идоравї ба воситаи њайати ҳамфикрон, ки онҳоро  зери як њадаф муттаҳид сохтааст,  дар ин сам томили муњиму зарурї мањсуб меёбад. Вазифаи Бонк –маҷмӯи принсип ва мақсадҳои арзишноке, ки дар наздаш гузошта шудааст, мабошад.

Бонк таъмини рушду такомули  худро ба омилњои зерин вобаста мебинад:

  • Масъулиятшиносї  ва поквиҷдонӣ
  • Кӯшиш барои расидан ба мақсад
  • Эҳтиром ва арљгузории  мизоҷон
  • Дар якҷоягӣ фаъолият карда тавонистан
  • Мавқеи фаъоли ҳаётӣ 
  • Касбияти баланд
  • Қобилияти ба одамон некӣ кардан
  • Пешбурди тарзи ҳаёти солим
  • Кӯшиши доимо дар мадди назар будан
  • Мављудияти ќобилияти кӯшиш бањри таъмини  оянда дар заминаи тањлили њамаљонибаи вазъи кунунї
  • Ба уҳда гирифтани  масъулият дар љодаи рушд тариќи љорї намудани навигариҳо.

 

Қурби асъор

БРТ 22-10-2017
АрзХаридФурӯш 
8,78008,8200TJS
10,200010,3000
TJS
0,15200,1540TJS
БМТ 22-10-2017
-8,8080TJS
-10.4243TJS
-0,1499TJS

МХБ

Бонки рушди Тоҷикистон дар ҳоли афзоиши ҳузури худ дар тамомии манотиқи Тоҷикистон аст ва дар назар дорад шабакаи Маркази хизматраснии бонкии худро ба таври қобили мулоҳизае густариш диҳад. Дар давраи соли 2013 ва аволии соли 2014 Бонк 36 Маркази хизматрасонии бонкӣ ифтитоҳ кард.(…)

Нигорхона

РУШД КОРТҲОИ ПАРДОХТӢ ҚАРЗ ПАСАНДОЗ ИНТИҚОЛИ ПУЛ

© 2013 ЧСП «Бонки Рушди Тоҷикистон» | Коркард дар ПРОМОУШН

#WORK_AREA#