Дар бораи бонк

Ҷустуҷӯ

Дар бораи Бонк


ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” соли 2006 таъсис ёфта, фаъолияти хешро дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон (№31 аз 7 ноябри соли 2006) пеш бурда истодааст. Бонк иҷозат оид ба гузаронидани амалиётҳои бонкро мувофиқи Қарори Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон аз 19 сентябри соли 2006  гирифтааст.     
Масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва касбияти баланди кормандон заминаи фароҳам оварданд, ки Бонк ба сифати муассисаи молиявии муназзам рушдёбанда ва ҳамкори боэътимод эътироф ва интихоб гардад. Омилҳои мазкур заминаи мусоид фароҳам оварданд, ки шумораи муштариёни Бонк тамоюли афзоишро касб намояд. 

Бонк дар айни  замон ба маънои томаш дар марҳилаи рушду такомул қарор дошта, сармояи  масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва касбияти баланди кормандон заминаи фароҳам оварданд, ки Бонк ба сифати муассисаи молиявии муназзам рушдёбанда ва ҳамкори боэътимод эътироф ва интихоб гардад. Бонк дар айни  замон ба маънои томаш дар марҳилаи рушду такомул қарордошта, сармояи оинномавиаш  ба 64 180 000 сомонӣ баробар буда, ки чаҳор барбар аз аввала зиёд аст. 

Агар ба гузаштаи начандон назар афканем, соли 2012 барои ҶСП “ Бонки рушди Тоҷикистон” оғози марҳилаи  сифатан нави фаъолият гардид. Дар охири соли 2011 ду  муассисаи молиявии бонуфуз– ҶСП “ Бонки рушди Тоҷикистон” ба  ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” бо ҳам муттаҳид шуданд. Дар ин замина, ҶСК“Тоҷиксодиротбонк”   саҳмдори ягонаи  ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” аст. Ин ҳамроҳшавӣ барои  инкишофи минбаъдаи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикиситон” гардид. Ан ин пас ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” ҳамчун бонки фаръии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” амал мекунад. Ногуфта пайдост, ки ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар бахшҳои асосии бозори молиявӣ, бо  шумораи зиёди муштариён яке аз пешсафон маҳсуб меёбад.  Ба саҳми ҶСК «Тоҷиксодиротбонк»   тақрибан 20 фоизи сармояи 12  бонки Тоҷикистон  рост меояд. 

ҶСП “ Бонки рушди Тоҷикистон”  имрӯз ҳамчун  яке аз муассисаҳои молиявии фарогиранда ва ба амалбароварандаи  меъёрҳои байнамиллалӣ дар тамоюл бо муштариён ва корхонаҳои калон  шинохта шудааст. Самти асосии фаъолияти  бонк вусъати тиҷорати хурд ва миёна аст, ки соҳаҳои мухталифи ҳаёт, ба мисли саноат, кишоварзӣ, савдо ва хизматрасониро дар бар мегирад. Яке аз шартҳои асосии рушди Бонк ин ҷалби пасандоз аз аҳолӣ  аст, ки мунтазам меафзояд ва шоҳиди рӯз то рӯз афзун гардидани эътибори Бонк дар байни аҳолӣ мебошад. Бонк барои таъмини фаъолияти пурмаҳсули кормандон низ чораҳо андешида, мунтазам шароити корро беҳтар мегардонад ва имконият фароҳам меоварад, ки ҳар як корманд қобилияти худро пурра истифода барад.

ҶСП “ Бонки рушди Тоҷикистон” дорои  шабакаи васеи  муносибатҳо буда, бо дувоздаҳ бонкҳои дохилию хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва ҳамаи сомонаҳои иртиботии лозимиро дорост. ( S.W.I.F.T., Telex). Имрӯз ҶСП “ Бонки рушди Тоҷикистон”-ро дар аксарияти минтақаҳои Тоҷикистон  9 филиал  намояндагӣ мекунанад. 

Натиҷаҳои фаъолияти Бонк ҳар сол аз тарафи ширкатҳои аудити хориҷӣ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд. Масалан, фаъолияти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар 5 соли охир  аз тарафи чунин ширкатҳои муътабари  хориҷӣ санҷида шуд: 

                   
2010 - International Auditing company Ltd; 
                   2011 - Grant Thornton LLC
                   2012 - Grant Thornton LLC
                   2013 - Grant Thornton LLC 
                   2014 - Grant Thornton LLC 
                  
2015 - Grant Thornton LLC
                   2016 - ҶДММ "БДО"
                   2017 - ҶДММ "Аудитории Ш. Адолат" 
                 


РУШД КОРТҲОИ ПАРДОХТӢ ҚАРЗ ПАСАНДОЗ ИНТИҚОЛИ ПУЛ

Коркард дар ПРОМОУШН