Кортҳои плостик

Ҷустуҷӯ

Тарҳи дастмузд

Тарҳи дастмузд тавассути корти бонкии дастмузд як меконисми вижа аст, ки ба созмонҳои имкони пардохти дастмузд, инъом, кумакҳазина, сафарҳазина ва супурдаҳои дигар барои кормандонро ба роҳаттарин, сареътарин ва амнтарин шакли мумкин медиҳад. Ҳисобҳои бонкии мутавассил ба корти бонкӣ барои кормандон боз мешаванд.
Ҳисобдори созмон дастмуздҳоро муҳосиба мекунад ва дархости пардохт барои ворез кардан ба ҳисобҳои кортии кормандонро аз дафтар тавассути сомонаи Муштарӣ-Бонк ирсол мекунад (асноди суннатии коғазӣ низ барои хоҳишмандон вуҷуд дорад). Инҷо кори ҳисобдор поён меёбад ва Бонк ба кор оғоз мекунад.
Кормандон метавонанд дастмузд ва пардохтҳои дигарро дар ҳар замони муносиб аз худпардоз ё дафтари таҳвили нақд бигиранд ва метавонанд барои коло ва хадамот бо истифода аз корт пардохт кунанд.
Дастмузд ба ҳисоби кортии кормандон аз ҳисоби ширкатӣ (ҳисоби созмон) ворез мешавад. Ҳисоби кортӣ ба шакли арзӣ дулори Омрико нигаҳдорӣ мешавад. Ворез кардани пул аз ҳисоби созмон ба ҳисоби кормандро метавон бо пули миллӣ ё ҳар арзи дигаре анҷом дод (дар ин сурат Бонк бар асоси нархи Бонк табдил мекунад).
Дарёфти нақд аз худпардозҳо ҳам бо пули миллӣ ва ҳам бо арз мумкин аст.
Ҳангоми сафар ба хориҷ дорандаи корт метавонад бо пули кишвари мавриди назар пул бардоранд. Пуле, ки бар рӯйи корт маҷуд аст, ҳангоми убур аз марз эълом намешавад.

Мазоёи истифода аз тарҳи дастмузд
Пардохти дастмузд тавассути корт як навъи пардохти ғайринақдӣ аст, бинобар ин ҳадафи асосии ин тарҳ ба ҳадди ақал расондани муъомилоти нақдӣ дар созмон аст. Яъне:
• Коҳиши кори ҳисобдор ва ҳамчунин махориҷи марбут ба дарёфти нақд дар бонк ва бозгардондани нақди боқимонда, ҳамлу нақли нақд, муҳосибаи муҷаддад, захирасозӣ ва додани пули нақд;
• Коҳиши фишор бар ҳисобдор ва сандуқи созмон, коҳиши муъомилоти нақдии ҳисобдор;
• Содасозии фароянди таҳия ва танзими тарҳи нақдӣ;
• Назму инзиботи нақдӣ ва мувофиқат бо маҳдудияти нақдӣ. Созмон ҳеч нақде таҳвил намедиҳад ва ниёзе барои ҷамъоварии нақд барои дастмузд вуҷуд надорад;
• Хатароти марбут ба нигаҳдории нақд ба ҳадди ақал расида;
• Ниёзе барои ворез кардани нақди таҳвил нагирифта нест;
• Пӯшидагии пардохти дастмузд (кормандони камтаре дар мавриди миқдори дастмузд хабар доранд);
• Ҳангоми сафари хориҷии кормандон барои сафаре маъмурӣ, имкони ворез кардани сафарҳазина ба корт бо пули миллӣ ва дарёфти он бо пули кишвари мавриди назар вуҷуд дорад.

Корт абзори бархӯрди мутафовит аст ва як абзори ангезишӣ аст. Навъи корт (Electron, Classic ё Gold) метавонад бар ҷойгоҳи корманд дар силсиламаротиб, дараҷаи эътимод ба корманд, солҳои хидмат барои ширкат ва ғайра таъкид кунад.

Мазоёи корти дастмузд барои кормандон
Ҳангоми пиёдасозии тарҳи дастмузд кормандон на танҳо хисороти моливу маънавӣ нахоҳанд дошт, балки теъдоде аз мазоё низ ба даст хоҳанд овард:
• Корманд мултазам нест дар навбат мунтазири нақд дар рӯзҳои пардохти дастмузд бошад;
• Корманд ба далели мураххасӣ сафари маъмурӣ ё бо далоиле дигар дар рӯзи пардохти дастмузд ҳозир набошад, вобаста ба бозгашти пули нақд бо мушкил мувоҷеҳ намешавад. Метавон дастмуздро ҳар ҷо ва ҳар вақт дарёфт кард. Худпардозҳои бонк 7 рӯзи ҳафта ва баъзеашон 24 соъат фаъоланд. Метавон пули нақдро аз ҳар худпардоз ё дафтари таҳвили нақд дар саросари ҷаҳон таҳвил гирифт;
• Афроди молики комили ҳисоби худ ҳастанд ва метавонанд, онҳо метавонанд ба таври комил маблағи пулашонро дар ҳисоби корт мудирият кунанд ва имкони ворез кардани пул ба ҳисобро доранд (масалан ҷиҳати истифода аз корт дар хориҷ аз кишвар);
• Кормандон метавонанд бо ҳар воҳиди пулӣ нақд бардоранд (сомонӣ ё дулор);
• Кортҳо ҷиҳати пардохт дар марокизи бузурги хариди шаҳр пазируфта мешаванд ва шабакаи амокини пазириши корт ба таври рӯзафзун зиёд васеътар мешавад.

Амнияти муъомилоти кортҳои бонкӣ
Сомонаҳои байналмилалии пардохт муқаррароти сахти амниятиро барои муъомилот тавассути кортҳои бонкӣ ва пардохт тавассути онҳо тақозо мекунанд. Тоҷик Содирот Бонк ба унвони узви расмии сомонаҳои байналмилалии пардохт (узви вобастаи VISA International, узви аслии STB), тамомии муқаррароти пардохт бо кортро ба ҷо меоварад. Амният, қобилияти итминон ва суръати муъомилоти бонкӣ барои муъомилоти кортӣ маъмулианд. Амнияти маблағ бар рӯйи корти шумо бо обрӯйи Бонк ва сомонаҳои дар сатҳи байналмилал шинохташуда тазмин шудааст.

Анвоъи корт:
Бонки Рушди Тоҷикистон, ба унвони ниҳоди духтарии Тоҷик Содирот Бонк, пардохтҳои дастмуздро тавассути ҳамаи анвоъи кортҳои бонкӣ ироа мекунад:
• VISA Electron, VISA Classic, VISA Gold;
• STB Classic, STB Gold.

Таъруфаҳои кортҳои Тоҷик Содирот БонкTariffs of Tajik Sadirat Bank cards (www.tsb.tj)
Ҳамаи ҳаққулъамалҳо бо пули миллӣ бар асоси нархи Бонки Миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт мешавад.

Ҳаққи хидмати солона барои кортҳои дастмузд вуҷуд надорад. Кортҳои дастмузд ба шакли Electron –4 дулор, Classic –5 дулор ва Gold –8 дулор ироа мешаванд.

Супурдаи амниятӣ барои корти дастмузд илтизомӣ нест ғайр аз корти Visa Gold – 500 дулор.

Ҷиҳати афзоиши маҳдудияти харид ҳаққулъамале ситонда намешавад. Маҳдудиятро метавон ҳар вақт бар асоси дархости муштарӣ барканор кард.

Ҳаққулъамал барои пули ворезшуда аз ниҳодҳои дигари молӣ ба кортҳои дастмузд 1 дарсад аст.

РУШД КОРТҲОИ ПАРДОХТӢ ҚАРЗ ПАСАНДОЗ ИНТИҚОЛИ ПУЛ

Коркард дар ПРОМОУШН