Шахсони инфиродӣ

Ҷустуҷӯ

Кортҳои плостик

           Кортҳои плостик бо шитоб вориди зиндагии мо мешаванд ва ҷойи пули нақдро танг мекунанд. Нигаҳдории маблағи зиёди пул дар хона ё бо худ бурдан хеле роҳат нест ва чандон амн ҳам нест.

            Кортҳои бонкӣ имрӯзӣ ва роҳатанд! Бо истифода аз корти бонкӣ на танҳо тайфи густардаи хадамоти изофӣ ва сатҳи муносиби хадамот ва роҳатиро дарёфт мекунед, балки бар мавқеъияти болои иҷтимоъии худ ва ҷойгоҳ дар ҷомеъа таъкид мекунед. 

            Бо истифода аз корти бонкӣ шумо метавонед ҳар он чизеро ки бо истифода аз пули нақд таҳия мекардед, таҳия кунед ва ҳатто бештар:

1.     Дарёфти пул аз худпардоз ё шуъбаи бонк ва истифода аз он.

2.    Бо корти бонкӣ барои ироаи хадамот ё харид дар фурӯшгоҳҳо, ширкатҳои ҳавоӣ, ожонсҳои мусофиратӣ, дармонгоҳҳо, ширкатҳои бима ва ғайра пардохт кунед ва тахфифҳои мухталифи ширкатҳоро ба даст оваред.

3.    Пардохти ғайринақдӣ барои хадамоти телефуни ҳамроҳ бо истифода аз корти бонкӣ тавассути худпардоз.

4.    Пардохт барои коло дар фурӯшгоҳҳои интернетӣ, пардохт барои хадамоти Интернет бо истифода аз корти бонкӣ тавассути худпардоз.

5.    Дарёфти шарҳи гардиши нақд дар ҳисоби корти (бонки) шумо.

6.    Худро аз азоб ва заҳамоти марбут ба сафарҳои маъмурӣ, убур аз марз ва саррофиҳо халос кунед.

7.    Ва ғайра.

         Дастмузд бар рӯйи корти бонкӣ яке аз пуртарафдортарин хадамоти бонкӣ аст. Имрӯз хеле аз ширкатҳо, созмонҳо ва донишгоҳҳо дастмуздро бо истифода аз корти бонкӣ мепардозанд. Дар ин сурат созмони мавриди назар масъули тамомии махориҷи корти бонкӣ аст ва ҳисобдорӣ ҳамаи аснодро омода мекунад ва корманд танҳо санади дарёфти кортро имзо мекунад; ва корти бонкӣ моли шумост.

Аммо агар шумо мехоҳед худ як корти бонкӣ бигиред, бояд ба бонки мо ташриф оваред. Шумо метавонед роҳат дар бонки мо корти бонкӣ таҳия кунед:

         Рамзи убур рамзе аст барои вуруд ба ҳисоб ва шумо наметавонед аз корти бонкӣ тавассути худпардоз бидуни ворид кардани ин рамз пул бардоред. Як қонуни нонавишта – рамзи убурро дар як ҷо бо корти бонкӣ нигаҳ надоред. Агар корти бонкиатон ҳамроҳ бо рамзи убур дуздида шуд, шумо кори дуздро барои дастёбӣ ба пулатон роҳат кардед.

       
Ҳамаи кортҳои бонкӣ андозаи меъёр доранд, шомили ном ва номи хонаводагии молик, акси молик (баъзан), намунаи имзо, таърихи судур ва таърихи инқизо, номи бонк ва нишони он. Кортҳои бонкӣ аз плостики дорои кайфияти боло сохта шуда ва аз ҳарду тараф рӯкаш доранд. Кортҳои бонкӣ дорои наворе сиёҳи мағнотисии рамзгузоришуда ва мушаххасаҳои дигар ҳастанд.

 Таъруфаҳои кортҳои Тоҷик Содирот Бонк (www.tsb.tj)

 Ҳамаи ҳаққулъамалҳо бо пули миллӣ бар асоси нархи Бонки Миллӣ дар рӯзи пардохт пардохт мешавад.

Ҳаққи хидмати солона барои кортҳои дастмузд вуҷуд надорад. Кортҳои дастмузд ба шакли Electron –4 дулор, Classic –5 дулор ва Gold –8 дулор ироа мешаванд.

Супурдаи амниятӣ барои корти дастмузд илтизомӣ нест ғайр аз корти Visa Gold – 500 дулор.

Ҷиҳати афзоиши маҳдудияти харид ҳаққулъамале ситонда намешавад. Маҳдудиятро метавон ҳар вақт бар асоси дархости муштарӣ барканор кард.

Ҳаққулъамал барои пули ворезшуда аз ниҳодҳои дигари молӣ ба кортҳои дастмузд 1 дарсад аст.

РУШД КОРТҲОИ ПАРДОХТӢ ҚАРЗ ПАСАНДОЗ ИНТИҚОЛИ ПУЛ

Коркард дар ПРОМОУШН