Мутахассиси (эксперти) қарздиҳӣ дар Сарбонк

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки рушди Тоҷикистон” довталабонро барои ҷои кори холии вазифаи мутахассиси (эксперти) қарздиҳӣ дар Сарбонк эълон менамояд.

Корманди эксперти қарздиҳӣ мустақиман барои кор бо мизоҷони қарзӣ, назорати ҷараёни додани қарз ва тасдиқ кардани аризаҳои қарзӣ, ҷалб кардани мизоҷони нав ва барои дуруст назорат кардани кору фаъолияти мизоҷ ва тавонои ӯ барои пардохти қарз, ба имзо расонидани шартномаҳо, тақсими қарзҳо, назорат намудани супоридани пардохти қарзҳо, рафтан ба маҳалли ҷойгиршавии амволи ба гарав гузошташуда, ки ба сифати гарав барои қарз дода шудааст, барои аксбардорӣ ва тартиб додани санади санҷиш, масъул мебошад.


Талаботҳо:
• Сину сол аз 22 то 35 сол.
• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ;
• Тавоноии вокеъии идоракунии кормандон дар муҳити таъғирёбанда;
• Дониши хуби забонҳои точикӣ, русӣ ва ба дониши забони англисӣ бартарият дода мешавад;
• Шиносоии хуб бо қонунгузории ҶТ;
• Ҳисси баланди масъулият;
• Малакаҳои кори дастҷамъона;
• Истифодаи барномаҳои компютерии MS Word, MS Excel дар сатҳи баланд.


Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (тарҷумаи ҳол) ба суроғаи электронии faromuzova@brt.tj на дертар аз 30 -юми майи соли 2021 супоранд. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи номбаршуда ҷавобгуй мебошанд ба озмун даъват карда мешаванд. Рақами телефон:(44) 600-55-15