Сардори Шуъбаи маркетинг дар Сарбонк

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки рушди Тоҷикистон” довталабонро барои ҷои кори холии вазифаи сардори Шуъбаи маркетинг дар Сарбонк эълон менамояд.

Корманди сардори Шуъбаи маркетинг барои иҷрои чунин вазифаҳо масъул мебошад.

  • пешгӯии талаботи мизоҷон нисбати маҳсули бонкӣ;
  • омӯзиши талабот ба маҳсули бонкӣ;
  • барориши маҳсули бонкии ба талаботи мизоҷон мувофиқкардашуда;
  • муқаррар намудани сатҳи нарх ба маҳсули бонк бо ҳисоби шароити рақобатнокӣ;
  • болобардории нуфузи бонкӣ;
  • болобардории саҳми бозори молиявӣ, ки бонк онро назорат мекунад.
  • ҷамъоварии ахборот;
  • тадқиқи маркетингӣ;
  • банақшагирии фаъолият оид ба барориш ва фурӯши маҳсулоти бонкӣ;
  • омодасозии мақола ва матнҳо барои блогҳо ва ВАО;
  • омодасозии матнҳои уникалӣ барои нашрияҳои саҳифаҳои иҷтимоӣ;
  • тарҷумаи матнҳо ва нашрияҳо

Талаботҳо:

  • Маълумоти олӣ дар соҳаи тарроҳӣ, дизайнерӣ, журналистӣ;
  • Собиқаи корӣ дар соҳаи маркетинг на кам аз 2 сол;
  • Ҳисси баланди масъулият.
  • Вохурӣ кардан бо мизоҷон дар соҳаи таблиғот, навиштани матнҳо, суҳбатҳои телефонӣ;
  • донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сатҳи олӣ, донистани забони англисӣ бартарият дорад;
  • донистани барномаҳои компютерӣ (MS Oficce: Word, Excel, Power Point ва Outlook).
  • таҷрибаи корӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (FВ, VK, OK, Google + Twitter, Instagramm ва ғайра.)
  • имкони сафар дар дохили кишвар, аз ҷумла ба дигар шаҳру ноҳияҳо филиалҳои бонк.

Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (тарҷумаи ҳол) ба суроғаи электронии faromuzova@brt.tj на дертар аз 20 -уми ноябри соли 2021 супоранд. Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи номбаршуда ҷавобгуй мебошанд ба озмун даъват карда мешаванд. Рақами телефон:(44) 600-55-15