Кушодани суратҳисоби пасандозӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
а) Кушодани суратҳисоби пасандозӣ ба шахсони ҳуқуқии маҳаллӣ:
- Нусхаи шаҳодатнома дар бораи ба қайдгирии давлатӣ.
- Корт бо намунаи имзоҳо.
- Ҳуҷҷатҳо (қарор, фармон, амр) ва нусхаи шиносномаи шахси ваколатдор барои имзо намудани шартнома ва ихтиёрдории пасандоз.
б) Кушодани суратҳисоби пасандози ба шахсони ҳуқуқии хориҷи ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ мешавад:
- Ҳуҷатҳои таъсисии қонуни гардонидашуда (ба ғайр. аз шахсони ҳуқуқии давлатҳои ИДМ) ё шаҳодатнома дар бораи ба қайдгирии давлатӣ, ва иқтибос аз Феҳрасти ягона.
- Ҳуҷҷатҳое, ки шахсиятро муқаррар мекунанд (корти муҳоҷирӣ, ҳуҷҷати зист,раводид, шиноснома) ва ваколати (қарор ва ё ҳуҷати ба он шабеҳе, ки ирода муассиси (муассисони) шахси ҳуқуқиро барои ихтиёрдории пасандоз дар бар мегирад) шахс барои имзо намудани шартнома ва ихтиёрдории пасандоз.
Маблағи камтарини пасандоз 20 000 Сомонӣ, 5 000 доллари ИМА.
Мӯҳлати камтарин 1 сол.
Ҳангоми пеш аз мӯҳлат талаб намудани маблағ, Бонк ҳисобро аз рўи 0%-и солона ба роҳ мемонад.
Имконияти гирифтани фоизҳо-ҳармоҳа.
Маблағи аввалини пасандоз (Сомонӣ) | Меъёри фоиз (солона) | |||
6 моҳ | 12 моҳ | 18 моҳ | ||
аз 20 000 | 3% | 4% | 5% |
Маблағи аввалини пасандоз (доллари ИМА) | Меъёри фоиз (солона) | |||
6 моҳ | 12 моҳ | 18 моҳ | ||
аз 5000 | 1% | 2% | 3% |
Copyright © 2023 Иҷозатномаи БМТ №0000005 аз 08.01.2014