15 март Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон


♻️15 март Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи истеъмолкунандагон аст. Бонки рушди Тоҷикистон (БРТ) ба ин муносибат як қатор иқдомҳои лозимро анҷом дод. Аз он ҷумла, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мизоҷон, махсусан ҳуқуқҳои истеъмолии онҳо, дар бинои асосии бонк брошюраҳову буклетҳои иттилоотӣ нашр ва пешкаши мизоҷон карда шуд. Ҳамчунин мутахассисони бонк ба саволҳои муштариён оид ба ҳуқуқҳои онҳо ҳамчун истеъмолкунанда ҷавоб ва барои ҳифзи манфиатҳои онҳо машваратҳои судманд доданд. Ба ҳамаи муштариён варақаҳои иттилоотӣ дода шуд, ки дар онҳо маълумоти муфассал дар бораи хидматрасониҳи бонк ироа гардидааст.