ҲАФТАИ ҶАҲОНИИ ПУЛ (GLOBAL MONEY WEEK)

Бонки рушди Тоҷикистон фарҳанги бонкдориро дар миёни кӯдакон ва ҷавонон тарвиҷ мекунад.

Барномаҳои ҳафтаи ҷаҳонии пул ба унвони рӯйдоди байналмилалӣ ҳамасола бо мақсади тавонмандсозии насли ояндаи бозорҳои молии дунё ҳамчун шаҳрвандони фаъоли иқтисодӣ баргузор мешавад.

Бонки рушди Тоҷикистон соли дуввум аст, ки ҳамзамон бо оғози Ҳафтаи ҷаҳонии пул фарҳанги бонкдориро дар миёни кӯдакон ва ҷавонон тарвиҷ мекунад.

Барномаи имсолаи Ҳафтаи ҷаҳонии пул дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва МТМУ #1 шаҳри Душанбе бо ҳузури васеи таълимгирандагону донишҷӯён доир гардид.