Бонки рушди Тоҷикистон дар як қатор бонкҳои хориҷӣ, аз он ҷумла HDFC Bank (Ҳиндустон), First Heartland Jusan Bank ва Freedom Finance Bank (Ҷумҳурии Қазоқистон), IBA-Moscow (Бонки байналмилалии Ҷумҳурии Озарбойҷон воқеъ дар Маскав), Commercial Bank KYRGYZSTAN (Ҷумҳурии Қирғизистон) ва Interstate Bank суратҳисоби муросилотӣ кушод.
Ин иқдом барои беҳтар намудани қобилияти бонк дар гузаронидани муомилоти байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ равона шудааст.
Кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои хориҷӣ барои Бонки рушди Тоҷикистон амалиётҳои пардохтҳои фаромарзиро сода ва самаранокии амалиётҳои молиявиро беҳтар мегардонад.