Кормандони «Бонки рушди Тоҷикистон» маблағгузории исломӣ меомузанд

Аз 1 октябри соли 2024, бо дастгирии ҶСК «ЭкоИсломикБонк», дар Маркази таълимии «Баракат» омӯзиши онлайнӣ барои роҳбарон ва кормандони ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» баргузор мешавад. Барнома ба омӯзиши амиқи принсипҳои молия ва бонкдори исломӣ равона шудааст, ки барои кушодани «равзанаи исломӣ» дар Душанбе то охири соли 2024 муҳим мебошад. Дар омӯзиш 30 роҳбар ва менеҷер иштирок мекунанд.

Барои иштирокчиён аз Тоҷикистон Маркази таълимии «Баракат» барномаи махсус таҳия кардааст, ки ҷанбаҳои асосии бонкдории исломиро мувофиқи стандартҳои AAOIFI, махсусан муробаҳа, қарз, вадиа, музораба, амалиёти мубодила ва интиқоли пул дар бонки исломӣ, истисно, иҷора, иҷора ба шарти тамлик, мушорака, ваколат, кафолат, сукук, тило ва муомилоти марбут бо он ва ғайраро дарбар мегирад.

Ба ҳисоботи муҳосибӣ ва идоракунии хавфҳо дар бонкҳои исломӣ диққати махсус дода шудааст. Дар барномаи омӯзиш Стандарти AAOIFI №57 «Муомилот бо тило» низ омӯзонида мешавад.

Омӯзгорони курс мутахассисони эътирофшуда дар соҳаи бонкдории исломӣ: Гаҷиев Абдулмаҷид Аҳмадгаҷиевич, Асилбеков Сардор Сотимқулович ва Резаева Виктория Евгеневна мебошанд. Мухассисони ҶСК «ЭкоИсломикБонк» ва Маркази таълимии «Баракат» таҷрибаи чандинсола дар принсипҳои бонкдории исломиро доранд.

Қонун дар бораи «Бонкдории исломӣ» дар Тоҷикистон соли 2014 қабул шуд ва аз он вақт инҷониб дар кишвар як бонки исломӣ ва ду «равзанаи исломӣ» дар бонкҳои анъанавӣ амал мекунанд. Дар маҷмуъ, дар Тоҷикистон зиёда аз 60 муассисаи молиявӣ фаъолият мекунанд, ки 15-тои онҳо иҷозатномаи бонкӣ доранд.

Директори Маркази таълимии «Баракат» Мадина Исаева изҳор дошт, ки омӯзиши феълии онҳо на танҳо барномаи омӯзишӣ, балки баррасии амиқи молияи исломӣ мебошад, ки эҳтиёҷоти воқеии бозорро инъикос мекунад. Ӯ ҳамчунин аз тавсеаи ҳамкориҳои байнибонкӣ изҳори қаноатмандӣ кард: «Мо хушҳолем, ки «Бонки рушди Тоҷикистон» маркази моро барои баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони худ интихоб кардааст. Ҳамаи хоҳишмандонро ба курсҳо ва тамринҳои омузишии худ даъват мекунем. Дар он ҷо мо таҷрибаи татбиқи бонкдории исломиро баррасӣ мекунем, машваратҳои амалӣ медиҳем ва ба тақвияту рушди системаи алтернативии молиявӣ, ки бар Стандартҳои Шариат асос ёфтааст, кӯмак мерасонем. Мо умедворем, ки дониши андӯхтаи онҳо ба таъсис ва фаъолияти муассири филиали нав дар Тоҷикистон мусоидат мекунад».

ҶСК «Бонки рушди Тоҷикистон» соли 2006 таъсис ёфта, бо суръат фаъолияташро тавсеа медиҳад. Имрӯз бонк дар шаҳри Душанбе ва дар дар шаҳри Бохтар филиалҳо дорад. Роҳбарияти бонк нақша доранд, то охири соли 2024 филиали худро дар шаҳри Хуҷанд ва «равзанаи исломӣ»-ро дар Душанбе кушояд.

Маркази таълимии «Баракат» соли 2008 таъсис ёфтааст ва худро ҳамчун маркази пешсафи таълими бонкдории исломӣ дар Қирғизистон нишон додааст. Дар давоми фаъолияти марказ зиёда аз 1500 шунаванда, аз ҷумла аъзои Шӯроҳои Шариат, аъзои Шӯроҳои Директорат ва Раёсат, директорони филиалҳо бо «равзанаи исломӣ», роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои молиявии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон дар он таҳсил кардаанд.

ҶСК «ЭкоИсломикБонк» - лидери соҳаи бонкдории исломӣ дар Қирғизистон мебошад. Бонк ҳар моҳ зиёда аз 100 000 муштариро бо хадамоту маҳсулоти гуногун фаро мегирад. Дар давоми солҳои фаъолияти Бонк аз 2008 то 2023 Шӯрои Шариат ҳамасола (ҷамъан 16 бор) таъйид кардааст, ки амалиёти Бонк, ки бар асоси принсипҳои молиявии исломӣ сурат мегиранд, мувофиқи принсипҳои Шариат гузаронида шудааст. Ҳоло ҶСК «ЭкоИсломикБонк» эълон кардааст, ки аз марҳалаи Лоиҳаи пилотӣ ба аввалин бонки пурраи исломӣ дар ҳудуди ИДМ мегузарад, ки ин на танҳо барои худи Бонк, балки барои тамоми минтақа як гоми устувор маҳсуб мешавад.

Таърихи таъсиси аввалин бонки исломӣ дар Қирғизистон аз 16 майи соли 2006 бо имзои меморандуми ҳамкорӣ байни Бонки рушди исломӣ (БРИ), Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҶСШК «ЭкоБонк» (ҳоло ҶСК «ЭкоИсломикБонк») оғоз меёбад. Ин меморандум ҳамчун нуқтаи ибтидоии лоиҳаи дарозмуддат оид ба татбиқи бонкдории исломӣ дар кишвар хидмат мекунад.