Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳмдорон

ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” ба маълумоти саҳмдорони Бонк мерасонад, ки санаи 3 декабри соли 2022, соати 10:00, Маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳмдорон баргузор мегардад.

Шакли гузарондан -  маҷлис; 

Макони гузарондан - бинои Сарбонк, нишонӣ: ш.Душанбе, кӯчаи   

Пушкин - 20.

 

Рӯзномаи маҷлис:

1.             Оид ба тасдиқи узви нави Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.

2.             Зиёд намудани сармояи оинномавии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” бо роҳи баровардани саҳмияҳои иловагӣ.

3.             Дигар масъалаҳо.