Тибқи талаботи Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” бо Протоколи маҷлиси Шӯрои нозирон таҳти № 13 аз 18 майи соли 2022
Қ А Р О Р К А Р Д:
- Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар таърихи 18-уми июни соли 2022, соати 10:00 дар ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1,
бинои "Кохи Суруш" 2-юм ошёна даъват карда шавад. - Раёсати Бонк саҳмдоронро оид ба даъвати Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” тариқи сомонаи расмии Бонк, телефон, почтаи электрони, мактуби иттилоотӣ хабардор намояд.
- Ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” масъалаҳои зерин ворид карда шаванд:
- Тасдиқи узви нави Комиссияи баҳисобгирии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.
- Интихоби аъзои нави Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.
- Тасдиқи Ҳисоботи Раёсати ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2021».
- Тасдиқи Ҳисоботи аудиторони мустақил нисбати аудити ҳисоботи молиявии ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ба санаи 31 декабри 2021 с.
- Тасдиқи тавозун ва ҳисоботи даромаду зарарҳои ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” ба санаи 31 декабри 2021 с.
- Тасдиқи тақсимоти фоида/зарари ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2021.
- Тасдиқи ташкилоти аудиторӣ ва андозаи ҳаққи хизмати он барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2022.
- Тасдиқи Ҳисоботи Кумитаи аудити ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” оиди фаъолият дар соли 2021.
- Кам намудани сармояи оинномавии эълоншудаи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.
- Дигар масъалаҳо.