Бо қарори Маҷлиси Шӯрои нозирони ҶСП
“Бонки рушди Тоҷикистон” (Протоколи №34 аз санаи 26 феврали соли 2024):
1. Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди
Тоҷикистон” дар таърихи 30 марти соли 2024, соати 1000 дар
маҷлисгоҳи бонк дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пушкин, бинои 20, даъват карда
шавад; шакли гузаронидан - маҷлис.
2. Раёсати Бонк саҳмдоронро оид ба даъвати Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”-ро тариқи сомонаи расмии Бонк ва дигар воситаҳои алоқа хабардор намояд.
Ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
1. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСП «Бонки рушди
Тоҷикистон» дар соли 2023.
2. Тасдиқи Ҳисоботи аудитори мустақили ҶДММ «Моор Стивенс» оиди
“Ҳисоботҳои молиявӣ барои соле, ки 31 декабри 2023 ба анҷом расидааст”
3. Тасдиқи тавозун ва ҳисоботи даромаду зарарҳои ҶСП “Бонки рушди
Тоҷикистон” барои соле, ки 31 декабри 2023 ба анҷом расидааст.
4. Тақсимоти фоидаи софи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” барои соле,
ки 31 декабри 2023 ба анҷом расидааст.
5. Тасдиқи ташкилоти аудиторӣ ва андозаи ҳаққи хизмати он барои
гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” барои соле,
ки 31 декабри 2024 ба анҷом мерасад.
6. Тасдиқи Ҳисоботи фаъолияти Кумитаи аудити назди Шӯрои нозирони
ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2023.
7. Дигар масъалаҳо - Баррасии Гузориши Хадамоти бехатарӣ ва кор
бо қарзҳои мушкилситон оиди қарзҳое, ки ба баҳисобгирии берун аз низом дохил
карда шудаанд (қарзҳои аз тавозун хориҷшуда).