17 апрели соли 2023 дар дафтари марказии Бонки рушди Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Комплаенс ва методҳои риоя кардани талаботҳои муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» баргузор гардид.
Семинар аз ҷониби Хадамоти мувофиқа (комплаенс)-и БРТ бо ҳузури намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар воҳидҳои сохтории бонк гузаронида шуд.
Дар семинар ширкаткунандагон доир ба мафҳуми комплаенс, аҳаммият ва манфиати иҷрои ин система дар фаъолиятҳои низоми бонкӣ, амалкарди он дар таҷрибаи байналмилалӣ ва қонунҳои ҷории кишвари мо дар ин самт, ҳамчунин Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин суханронӣ карданд.-----------------------
*Комплаенс (аз англисии Compliance -- мувофиқат, интибоқ, татбиқ), дар низоми бонкӣ ба маънои фаъолияти мутобиқ бо қонунҳо, муқарарот ва дастурамалҳои дохиливу хориҷӣ.
Дар солҳои охир бо сабаби афзоиши ҳассосиятҳо ва таваҷҷуҳ ба бархе мақулот, аз ҷумла пулшӯӣ, таъмини молӣ (маблағгузорӣ)-и терроризм, таҳримҳои байналмилалӣ ва ҷиноятҳои молиявӣ, махсусан ришва ва тасарруф, ҳамчунин эҳтимоли сӯиистифода аз бонкҳо барои содир намудани чунин амалҳои ҷиноӣ, масъалаи риояи қонунҳо ва муқаррарот дар бонкҳо аҳаммияти бештаре пайдо кардааст.