Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон кард, ки дастури муҳим ва саривақтии роҳбари давлат маҳсуб меёбад. Мақсад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эътироф ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба қонун, риоя ва таъмин намудани волояти қонун дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба шумор меравад, чунки маърифати ҳуқуқӣ дар сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва амалияи ҳуқуқии инсон зоҳир меёбад.
Инсон аз замони пайдоиши худ аз пайи омӯзиш ва донишандузӣ буда,танҳо пас аз соҳибмаърифат гардидан тамаддун офаридааст ва соҳибмаърифатии ӯ дар ҳар як шакле зуҳур кардааст, аз қабили маърифати ахлоқӣ, маърифати фарҳангӣ,маърифати оиладорӣ, маърифати сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва маърифатҳои дигаре,ки ӯ офаридаву рушд додааст. Дар ин робита метавон нақшу аҳамияити маърифати ҳуқуқиро дар муносибатҳои ҷамъиятивю давлат ва умуман ҳаёти инсон махсус таъкид намуд.
Бешубҳа, фақат одами бомаърифат метавонад ҳуқуқҳои худро ба амал барорад ва инчунин ҳуқуқҳои вайроншудаи дигар шахсонро барқарор кунад.шахс дар муносибати ҳуқуқӣ ворид шуда,мефаҳмад,ки ба ҳуқуқу озодиҳояш баҳо дода метавонад ва онро дар ҳаёти амалӣ истифода мебарад.Дар натиҷа ӯ аз амалиёти худ қонеъ мешавад. Ба ин пеш аз ҳама малака ва маҳорати ҳуқуқдонӣ кӯмак менамояд. Мақсади асоси баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ барои он зарур аст.ки шаҳрвандон ва ҷомеа дар фаъолияти рӯзмараи хеш аз донишҳои ҳуқуқӣ самранок истифода баранд.Донистани ҳуқуқ қарзи шаҳрвандии ҳар як шахс,нишонаи баланди маърифатнокии ӯ мебошад. Баръакс надонистани ҳуқуқ аломати оҷизиву нотавонӣ, бетафовути нисбат ба тақдири давлату ҷомеа ва сарнавишти худи одам ба ҳисоб меравад.
Барои ҳамин дар раванди ташаккулёбиии маърифати ҳуқуқии инсон донишҳои ҳуқуқӣ, таҷриба ва малакаҳо нақши муҳимро мебозанд. Сатҳи кофии дониш ва малакаҳои амалии шахс метавонад роҳҳои ҳалии мусбии мушкилиҳоро дарёфта онҳоро бартараф созад. Шахс ҳолати воқеии корҳоро дониста бо қонунгузор,худтатбиқкунандагон шаҳрвандон ва ҷомеа бояд роҳҳои расидан ба арзишҳои сохтмони давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини адолати иҷтимоиро дар ҳамбастагӣ бо якдигар такмил диҳад.
Маърифати ҳуқуқӣ мафҳуми васеъ мебошад.ки мазмуни мураккаби ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро дар бар мегирад ( муносибатҳои ҳуқуқӣ, қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ,рафтори ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо).
Мазмуну мундариҷаи ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқиро бо таври мушаххас дида мебароем ва муайян мегардад,ки то чи андоза донистан ва татбиқ кардани онҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мо зарур аст.
Муносибати ҳуқуқӣ, муносибати ҷамъиятие мебошад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар бар мегирад ва бо меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ дорои ҳуқуқ мебошанд. Дорои ҳуқуқ будан иштирокчиёнро вазифадор менамоянд,ки уҳдадориҳои муайянро ба ҷо оваранд.
Қонуният инчунин ҳолати низоми ҳуқуқии давлат мебошад,ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,ки дар қонунҳо инъикос гардидаанд, дақиқ ва бечунучаро риоя мешавад.
Тартиботи ҳуқуқӣ натиҷаи қонуният, ҳолати муносибатҳои ҷамъиятии ба тартиб даровардашуда мебошад.ки дар ҳуқуқ ва қонуният инъикос меёбад. Рафтори ба ҳуқуқ мувофиқи одамон моҳияти тартиботи ҳуқуқиро ташкил медиҳад .
Рафтори ҳуқуқӣ рафтори қонунӣ аст,қонуне,ки ба талаботи ҳуқуқ ҷавоб медиҳад.
Қисмати дигари маърифати ҳуқуқӣ ин шуури ҳуқуқӣ мебошад, ки маърифати ҳуқуқии ҷомеа аз шуури ҳуқуқӣ вобастагии зич дорад.Яъне маърифати ҳуқуқӣ аз он ки аҳолӣ то чи андоза арзишҳои ҳуқуқиро медонанд ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқи маълумот доранд, муносибати аҳолӣ бо ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чи андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд вобаста мебошад. Шуури ҳуқуқӣ ҳамчун унсури фарҳанги ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ки дар марҳилаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва ҳам дар марҳалаи татбиқи ҳуқуқ амал мекунад.он вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, донишҳои аҳолиро оид ба, қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчуни нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад
Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ дар фаъолияти ҳуқуқии одамон ифода меёбад.Сатҳи шуури ҳуқуқиро метавон танҳо дар амалияи воқеии ҳуқуқ қайд кард.Шуури ҳуқуқӣ дар марҳалаи татбиқи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад.
Ҷудо намудани унсурҳои таркибии маърифати ҳуқуқӣ шартӣ мебошад.зеро фаъолияти ҳуқуқие вуҷуд надорад,ки ҷудо аз шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад ва ҳамзамон шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фаъолияти ҳуқуқӣ ва натиҷаи он санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ифода меёбад.
Қисмати дигар ин сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад,он аз фаъолияти омӯзишии донишҷӯён ва шунавандагон, донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин.аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон маърифати ҳуқуқии ҷомеаро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо оид ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқҳои худи онҳо ва сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳо,ҳуқуқҳои худро пурра истифода бурдани одамон муайян менамояд .
Инкишофи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва донистани онҳо низ дар маҷмуъ шарти муҳим мебошанд.Ҳамагуна санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ бояд ба талаботи тасаввурот оид ба адолатнокӣ, баробарӣ ва озодии дар шуури ҷомеа ҳукмрон ҷавобгӯ бошад. Санади меъёрӣ ҳуқуқӣ бояд мукаммал,дақиқ,ба аҳолӣ фаҳмо, ба Конститутсия мутобиқ бошад ва ба сарчашмаи ба аҳолӣ дастрас нашр шуда бошад.
Маърифати ҳуқуқӣ бе инсон, гуруҳи одамон ва аҳолӣ дар ягонагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Доир ба маърифати ҳуқуқи шахс аз рӯйи рафтори ӯ дар соҳаи ҳуқуқ дар сатҳи инфиродӣ баҳо додан мумкин аст.
Бешак ҳодисаҳои ҳаёти ҳуқуқӣ ба ҳамдигари вобастагии зич дошта дар ин ҷода барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.ташаккули сифатҳои ҳуқуқии инсон мусоидат менамояд, ки ҳамаи ин омили пешрафти давлати мо, боиси ташаккули ҷомеаи ҳуқуқии пешрафта, устувории қонуният,сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ хоҳад гардид чун ки имрӯз мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки дар давлати мо низоми ҳуқуқиии хеле мутараққӣ ва муосир амал мекунад.
Мақсади асосии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз эълони соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар ин самт давра ба давра чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст ва ҷиҳати ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо корҳои зиёде роҳандозӣ шуда истодааст, қонунҳо, барномаҳо.санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки як қатор масъалаҳои оид ба такмил додани қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қонунҳо, рушди ёрии ройгон, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва самтҳои дигарро дар бар мегиранд. Ин кушишҳову талошҳои ояндасозро ба назар гирифта моро зарур аст, ки бо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ, фарҳанги баланд ва неруи ақлонии худро ба кор бурда, қарзи шаҳрвандии худро иҷро намуда, барои мустаҳкамии давлати соҳибистиқлоли худ саҳми босазову арзанда гузорем.