-
Маблағи қарз
1. Аз 10 001 то 50 000 доллари ИМА ё маблағи ҳамарзиш бо асъори миллӣ аз рӯи қурби БМТ
2. Аз 50 001 то 100 000 доллари ИМА ё маблағи ҳамарзиш бо асъори миллӣ аз рӯи қурби БМТ
3. Аз 100 001 доллари ИМА зиёд ё маблағи ҳамарзиш бо асъори миллӣ аз рӯи қурби БМТ
-
Меъёри фоиз - Доллари ИМА
1. 23% барои муштариёни нав, то 21% барои муштариёни такрорӣ
2. 22% барои муштариёни нав, то 20% барои муштариёни такрорӣ
3. 19% барои муштариёни нав, то 16% барои муштариёни такрорӣ
-
Меъёри фоиз - Сомонӣ
1. 27% барои муштариёни нав, то 25% барои муштариёни такрорӣ
2. 26% барои муштариёни нав, то 24% барои муштариёни такрорӣ
3. 24% барои муштариёни нав, то 22% барои муштариёни такрорӣ
-
Асъори қарз
Доллари ИМА ё сомонӣ
-
Мӯҳлати қарз
то 36 моҳ
-
Тартиби пардохти қарз
- Пардохтҳои аннуитетӣ (ҳармоҳа бо қисмҳои баробар)
- Имконияти пешниҳоди давраи имтиёзнок ё нақшаи пардохти инфиродӣ мавҷуд аст
-
Таъминоти қарз
- Тилло ё маснуоти тиллоӣ
- Амволи ғайриманқул
- Маблағҳои амонатӣ (депозит)
- Воситаҳои нақлиёт
- Моли дар гардишбуда
- Таҷҳизот ва ё дигар амволи хона
-
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Барои соҳибкорони инфиродӣ:
- Дархост (ариза) барои гирифтани қарз
- Патент ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ
- Нусхаи шиносномаи қарзгир бо қайди ҷои зист
- Нусхаи РМА
- Ҳуҷҷатҳои гарав
Барои шахсони ҳуқуқӣ:
- Нусхаи оиннома
- Нақшаи тиҷоратӣ ё таҳлили молиявӣ
- Тавозун ва ҳисобот дар бораи даромаду хароҷотҳо, ки аз тарафи мақомоти андоз тасдиқ шудааст
- Шартнома ва ё созишнома доир ба тиҷорат
- Шаҳодатнома дар бораи қайд дар мақомоти андоз
- Маълумотнома аз мақомоти андоз оиди надоштани карз
- Суратҷаласа (протокол)-и маҷлиси муассисон дар бораи гирифтани қарз
- Фармонҳо дар бораи таъин намудани роҳбар ва сармуҳосиб
- Нусхаи шиносномаҳои муассисон, роҳбар ва сармуҳосиб
- Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои амволи гарав
-
Мақсади қарз
Пуркунии воситаҳои гардон, васеъкунии иқтидори истеҳсолӣ ва ҳаҷми гардиши савдо, хариди воситаҳои асосӣ ва дигар намудҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд
-
Шартҳои махсус
- Пешниҳоди ҳатмии патент ё шаҳодатномаи соҳибкорӣ барои соҳибкорони инфиродӣ
- Пешниҳоди қарз ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони хуқуқи на зиёд аз 5% сармояи танзимшавандаи Бонк
- Имконияти қабули гарави амволи манқул ё маҳсулоти моддии қиматбаҳо то 30%-и таъминоти умумӣ вуҷуд дорад