МАҶЛИСИ УМУМИИ ҒАЙРИНАВБАТИИ САҲМДОРОНИ ҶСП “БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН”

Бо қарори Маҷлиси Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” (Протоколи №42 аз санаи 24 июни соли 2024):

 

1. Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар таърихи 18 июли соли 2024, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи бонк дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пушкин, бинои 20, даъват карда шавад; шакли гузаронидан - маҷлис.

2.      Раёсати Бонк саҳмдоронро оид ба даъвати Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”-ро тариқи сомонаи расмии Бонк ва дигар воситаҳои алоқа хабардор намояд.

 

Ба рӯзномаи  Маҷлиси  умумии  ғайринавбатии саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

1.      Тасдиқи Оинномаи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”  дар таҳрири нав.

2.      Пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои Шурои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.

3.      Ташаккул додани ҳайати нави Шурои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”.