СИПОСНОМАИ КЛУБИ ФУТБОЛИ «ҲОСИЛОТ» БА РАЁСАТИ БРТ
Роҳбарияти Клуби футболи «Ҳосилот»-и Фархор бо ирсоли як Сипоснома аз Раёсати Бонки Рушди Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии молиявии клуб изҳори ташаккур кардааст.
Дар Сипоснома аз ҷумла омадааст, ки «Ёриву сарпарастии Шумо барои тақвияти дастаи мо, оммавигардонии варзиш, рушди футболи кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила, тарбияти ҷавонон дар руҳияи созандагӣ ва худшиносии миллӣ нақши бисёр муҳимму калидӣ дорад».
Дар охир роҳбарияти клуб изҳори боварӣ кардааст, ки сарпарастии Бонки рушди Тоҷикистон талошу кӯшишҳои ҳайати дастаро бештар ва натиҷаҳои варзишии онҳоро беҳтар мегардонад.
Шоистаи ёдоварист, ки исмол 2 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии футболро, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд ва акнун ҳамасола 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад.