ҚАРОРИ ШӮРОИ НОЗИРОНИ
ҶСП “БОНКИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН”
28 марти соли 2023 ш.Душанбе
1. Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар таърихи 28-уми апрели соли 2023, соати 1000 дар маҷлисгоҳи бонк, дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Пушкин, бинои 20 (толори маҷлисҳо) даъват карда шавад; шакли гузаронидан - маҷлис.
2. Раёсати Бонк саҳмдоронро оид ба даъвати Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон”-ро тариқи сомонаи расмии Бонк ва дигар воситаҳои алоқа хабардор намояд.
3. Ба рӯзномаи Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
1. Ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» дар соли 2022.
2. Тасдиқи Ҳисоботи аудитори мустақили ҶДММ «Моор Стивенс» оиди “Ҳисоботҳои молиявӣ барои соле, ки 31 декабри 2022 ба анҷом расидааст”
3. Тасдиқи тавозун ва ҳисоботи даромаду зарарҳои ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” барои соле, ки 31 декабри 2022 ба анҷом расидааст.
4. Тақсимоти фоидаи софи ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” барои соле, ки 31 декабри 2022 ба анҷом расидааст.
5. Тасдиқи ташкилоти аудиторӣ ва андозаи ҳаққи хизмати он барои гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” барои соле, ки 31 декабри 2023 ба анҷом мерасад.
6. Тасдиқи Ҳисоботи фаъолияти Кумитаи аудити назди Шӯрои нозирони ҶСП “Бонки рушди Тоҷикистон” дар соли 2022.
7. Дигар масъалаҳо.