18 январи соли 2024 дар Бонки рушди Тоҷикистон дар мавзуи китоби Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" ҷаласа баргузор гардид. Дар чорабинӣ Раиси Раёсат, кормандони бонк, инчунин меҳмони даъватшуда, олими шинохтаи ҷумҳурӣ, коршиноси масоили экологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон- Ҳасан Асоев ширкат варзиданд.
Ҳасан Асоев дар суханронии худ дар бораи аҳаммияти китоби Бобоҷон Ғафуров барои мардуми тоҷик сухан гуфт. Номбурда қайд кард, ки ин китоб омӯзиши бунёдии таърих, фарҳанг ва забони тоҷикон аст.
"Ба шарофати китоби Бобочон Ғафуров мо тавонистем таъриху фарҳанги худро беҳтар дарк кунем", - гуфт Ҳасан Асоев. "Мо дидем, ки мо як халқи қадимӣ ва асил ҳастем, ки таъриху фарҳанги куҳан дорад."
Ҳасан Асоев инчунин аз кормандони бонк даъват кард, ки бо миллати худ ифтихор кунанд. "Мо бояд фахр кунем, ки тоҷик ҳастем" гуфт ӯ. "Мо бояд таъриху фарҳанги худро гиромӣ дошта, ба наслҳои оянда расонем."
Дар фарҷоми вохӯрӣ кормандони бонк ба Ҳасан Асоев барои суханронии пурмазмунаш изҳори сипос намуданд.
Бонки рушди Тоҷикистон китоби Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон"-ро як манбаи муҳимми дониш дар бораи мардуми тоҷик медонад. Бонк ташаббусҳоеро, ки ба таблиғи ин китоб дар байни аҳолӣ нигаронида шудаанд, дастгирӣ мекунад.